Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар деҳаи Нилкони Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи калони гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳузури беш аз 5 ҳазор мухлис ва ҳаводорони гӯштини миллӣ доир гардид. Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик Саидмуъмини Шарифзод, Умар Шеъров, Фаррух Муродов ва дигар варзишгарон нисбат ба ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати баланд нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.
Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа барои ғолибони майдони гӯштини ноҳияи Рӯдакӣ маблағҳои калони пулӣ- аз 500 сомонӣ то 10 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои гуногун гузошта шуда буд, ки онро паҳлавонони ғолиб соҳиб шуданд.
Паҳлавони ҷавони шаҳри Кӯлоб Фаррух Муродов пас аз ғолиб омадан бар ду ҳариф бо паҳлавон аз шаҳри Душанбе Саидмуъмин Шарифзода, ки бар се ҳарифаш ғолиб омад, барои Шоҳҷоиза рақобат карданд.
Дар ниҳоят бо партофти ҷолиб Саидмуъмини Шарифзод бар Фаррух Муродов ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи гӯштини миллӣ ҳунару маҳорати паҳлавонон Умар Шеров аз шаҳри Душанбе, Мӯсо Саъдуллоев аз ноҳияи Рӯдакӣ, Бобоҷон Фозилов аз шаҳри Ваҳдат ва Фаррух Муродов аз шаҳри Кӯлоб назар ба дигар паҳлавонон беҳтар буд. Онҳо бар се-чор ҳариф ғолиб омада, маблағҳои калони пулӣ, гову асп ва шутурро соҳиб шуданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






