«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид

Апрель 23, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе насби чароғакҳои наву замонавӣ оғоз гардид. Тамоми чароғакҳои кӯчаю хиёбонҳои пойтахт пурра таҷдид ва бо таҷҳизоти муосири «ҳушманд» иваз карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ин иқдом дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои мутобиқсозии инфрасохтори роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ карда мешавад.

Насби чароғакҳои муосир ба беҳтарсозии низоми идоракунии ҳаракати нақлиёт равона гардида, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» анҷом дода мешавад.

Чароғакҳои ҳушманд дорои низоми автоматикунонида буда, вобаста ба зиёд ё кам шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт фаъолияташонро ба таври худкор танзим менамоянд. Ин имконият фароҳам меорад, ки нақлиёт ба таври муназзам ҳаракат карда, ҳолатҳои сарбории роҳҳо ва бандшавӣ коҳиш дода шаванд.

Татбиқи чунин технологияҳои муосир дар баробари таъмини тартиботи ҳаракат инчунин ба коҳиш ёфтани садамаҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Лоиқ Шералӣ, дар пойтахти мамлакат дар 115 чорроҳа 315 камераи бақайдгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, 63 радар барои пешгирии ҳолатҳои суръатафзоӣ ва 43 камераи шинохти чеҳра насб карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.

Инчунин дар 350 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ 137 камераи бақайдгирӣ насб шуда, мавриди амал қарор доранд.

Ҳамчунин дар 575 минтақа таваққуфгоҳҳои музднок ба нақша гирифта шуда, дар 300 минтақа барои 4500 мошин ҷойҳои таваққуфӣ фаъол мебошанд.

Дар доираи амалиёти нақшаи «Боздошт» барои дар 68 минтақаи кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе насб намудани 117 адад (19 ададаш аллакай насб шудааст) камераҳои бақайдгирии роҳҳои воридшавии даромаду баромад ба шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Барномаи «Шаҳри ҳушманд» имкон медиҳад, ки назорат ва идоракунии равандҳои шаҳрӣ, аз ҷумла ҳаракати нақлиёт, хизматрасониҳои коммуналӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ба сатҳи нав бардошта шаванд. Камераҳои назоратӣ, марказҳои идоракунии рақамӣ ва таҳлили маълумот ба беҳтар шудани тартибот ва амният мусоидат менамоянд. Дар доираи ин лоиҳа дар роҳҳои мошингард ва дигар ҷойҳои сайругашти оммавии мардум камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Апрель 23, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд