Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
ДУШАНБЕ, 29.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокини Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён Баҳринисо Абдуназарова дар баробари омӯзгорӣ беш аз 15 сол мешавад, ки ба кирмакпарварӣ машғул аст.
Тавре Баҳринисо Абдуназарова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, имсол онҳо ду қуттӣ кирмак гирифта, ният доранд аз ҳар қуттӣ аз 30 то 35-килограммӣ пилла ба даст оранд. Ба иттилои ӯ, ҳоло кирмакҳо дар хоби панҷум қарор дошта, рӯзҳои наздик ҷамъоварии пилла оғоз мегардад.
Намояндаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор Маҳмадшариф Тоҳиров изҳор дошт, ки сокинони ҷамоат асосан ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул буда, дар соҳаи пиллапарварӣ низ таҷрибаи ғанӣ доранд.
Ба иттилои ҳамсуҳбат, имсол ба аҳолии ҷамоат 100 қуттӣ кирмак дастрас гардид ва пиллапарварон ният доранд то 3,5 тонна пилла истеҳсол намоянд.
Кирмакпарварӣ яке аз шуғлҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, метавонад ба беҳтар намудани вазъи иқтисодии оилаҳо дар деҳот мусоидат намояд. Дар ҳолати истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва дастгирии пайвастаи соҳа метавон ҳаҷми истеҳсоли пилларо боз ҳам афзоиш дод.
«Барои рушди соҳаи пиллапарварӣ ва фароҳамсозии заминаи мустаҳкам нигоҳубини дарахтони тут дар ҷамоат тақвият ёфта, дар ин замина 4 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст», – гуфт Маҳмадшариф Тоҳиров.
Бояд гуфт, ки фаровонии заминаи хӯроки кирмак, аз ҷумла нигоҳубини дурусти дарахтони тут яке аз омилҳои муҳими рушди устувори соҳа ба ҳисоб меравад.
Баҳринисо Абдуназарова инчунин замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода бурда, дар он навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ парвариш менамояд. Аз ҳосили бадастомада барои оила захираи зимистона омода намуда, дар таъмини амнияти озуқавории хонавода саҳм мегузорад.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, занони деҳот дар баробари иҷрои корҳои хонаводагӣ бояд дар пешбурди корҳои кишоварзӣ низ фаъол бошанд. Зеро дар деҳот кори ҷудогонаи мардонаю занона вуҷуд надорад. Ҳар нафар бояд дар пешрафти рӯзгор саҳм гузорад.
Рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар ноҳияи Кӯшониён, бахусус дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор нишон медиҳад, ки истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ва таҷрибаи сокинон метавонад ба афзоиши истеҳсолот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд. Фаъолияти намунавии Баҳринисо Абдуназарова бозгӯи он аст, ки бо меҳнати ҳалол метавон ҳам дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳам дар таъмини рӯзгори оила ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Мунира АБДУРАСУЛОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






