Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон (CSW) барои солҳои 2027-2031 интихоб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.
Иброз гардид, ки ин дастовард уҳдадории қавии Тоҷикистонро барои таъмини баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занону духтарон ва саҳмгузорӣ дар талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи ҳуқуқу имконияти онҳо инъикос мекунад.
«Тоҷикистон дар амри тақвияти ваколатҳои муҳими Комиссия ва мубодилаи таҷрибаи мамлакат оид ба бунёди ҷомеаҳои фарогир ва одилона омодаи ҳамкорӣ бо ҳама давлатҳои аъзо ва шарикони байналмилалӣ мебошад», — иттилоъ доданд аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






