Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд

Апрель 8, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳифз ва рушди минтақаҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ ва таҳияи масирҳои нави экологӣ барои ҷалби сайёҳон 7 апрел дар вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори кишварии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарский баррасӣ гардид.

Баҳодур Шерализода зимни вохӯрӣ дар бораи омода гардидани нашри нави Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод. Иброз гардид, ки назорати давлатии ҳифзи захираҳои об, мониторинги обҳои партов ва фаъолияти озмоишгоҳи назорати таҳлилӣ аз самтҳои асосии кори кумита ба шумор мераванд.

Директори кишварии Иттиҳоди Аврупо баён намуд, ки табиати Тоҷикистон бо пиряхҳои азим, кӯлҳо, ҷангалҳо ва гуногунрангии олами ҳайвонот беназир мебошад. Иттиҳоди Аврупо ташаббусҳои сабзгардонии қаламрави Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд, ки он ба таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад.

Ҳамчунин омодагии ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо ифлосшавии ҳаво, идоракунии партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо ва тақвияти маърифати экологӣ дар байни аҳолӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба хотири беҳтар намудани вазъи муҳити зист дар Тоҷикистон ҳамкориро тақвият мебахшанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад