«ТУ МОДАРИ БА ҶОН БАРОБАРАМ, ВАТАН!». Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид

Апрель 1, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба оғози мавсими  даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ медиҳад.

Раиси ноҳия Икромиддин Вализода зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз намуд, ки «хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҷавонмарди ватандӯст қарзи муқаддас ва нишонаи садоқат ба Ватан ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани шароити хизмат ва таъмини иҷтимоии сарбозон пайваста тадбирҳои муҳим меандешанд».

Ҳамчунин ба як зумра ҷавонон шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Муовини Раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода афзуд, ки чунин иқдом дар доираи дастгириҳои давлату Ҳукумат амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мусоидат менамояд. Соҳибкасб будани ҷавонон, аз ҷумла доштани малакаи ронандагӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аҳамияти калон дорад.

Таъкид гардид, ки имрӯз ҷавонони ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ омодаанд, ки қарзи шаҳрвандиро дар назди Ватан-Модар сарбаландона иҷро намоянд.

Инчунин дар ин рӯз барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон пешкаш гардида, сурудҳои ватандӯстона ва рақсу таронаҳо фазои идонаро боз ҳам рангинтар гардониданд.

Дар анҷоми чорабинӣ даъватшавандагон бо дуоҳои нек ва орзуи муваффақият гусел карда шуданд. Ин иқдом нишонаи эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба ҷавононе мебошад, ки барои ҳифзи амнияту оромии Ватан омода ба хизмат ҳастанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Апрель 1, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид