Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қазон Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар форум, ки дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Қазон Экспо» доир гардид, дар радифи вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳои хориҷӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа низ иштирок намуд.
Вазири энергетикаи Федератсияи Русия иброз дошт, ки форуми «ЭНЕРГОПРОМ» имсол мақоми федералӣ касб карда, аҳамияти он ҳам барои Русия ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Иброз гардид, ки форуми «ЭНЕРГОПРОМ» солҳои охир мавқеяшро ба таври назаррас таҳким бахшида, ба майдони муҳими федералӣ барои баррасии масъалаҳои калидии рушди соҳа табдил ёфтааст.
Пас аз анҷоми қисми расмии форум иштирокдорони он барои фаъолият дар майдонҳои корӣ ва шиносоӣ бо намоишгоҳ даъват шуданд. Дар чорабинӣ истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони пешсафи таҷҳизот, корпоратсияҳо ва холдингҳои энергетикӣ, инчунин корхонаҳои низоми энергетикии Русия ва кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд.
Ҳамзамон меҳмонони фахрӣ намоишгоҳи махсусгардонидаи электроэнергетикиро тамошо намуданд. Дар он беш аз 100 ширкат дастовардҳои муосири технологӣ ва таҷҳизоти соҳаи энергетикаро ба намоиш гузоштаанд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






