Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд

Апрель 22, 2026 11:45

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Узбекистон дар мавзуи «Муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллии маводи нашъаовар ба хотири саломатӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори форум аз Тоҷикистон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум 20-21 апрел бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон, созмонҳои байналмилалӣ, вазирони корҳои дохилӣ аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Гурҷистон, Туркия, Италия ва Корея баргузор гардид.

Дар доираи форум Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Узбекистон Баходир Ташматов вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, бахусус таҳдидҳои фаромиллии маводи нашъаовар ба саломатӣ ва амнияти ҷамъиятиро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон Рамазон Раҳимзода бо Директори шуъбаи оперативии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Бо Матиасен вохӯрӣ кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, хусусан маводи синтетикӣ равона гардид.

Дар доираи форум вохӯрии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо вазирони корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Қирғизистон ва Узбекистон доир шуд. Дар ин вохӯриҳо  масъалаҳои ҳамгироии минтақавӣ ба хотири истодагарӣ дар муқобили таҳдиду хатарҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Апрель 22, 2026 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд