Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии «Осиёи Марказӣ–Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 13-14 апрели соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Конгресси байналмилалии «Осиёи Марказӣ– Иттиҳоди Аврупо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ин конгресс доир ба аҳаммияти таҳкими ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи маориф ва илм ибрози назар намуд.
Вазири маориф ва илм дар ҷаласаи пленарӣ таҳти унвони «Ҳамгироии маориф ва илм ҳамчун асоси шарикии устувори Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо» иштирок карда, доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории байналмилалӣ сухан гуфт. Иброз гардид, ки мо барои рушди соҳаи маориф ва илм се ҳадафи стратегии муҳим- рушди таҳсилоти муҳандисӣ ва тиббӣ бо мутобиқсозии барномаҳо ба стандартҳои аврупоӣ, ҷалби грантҳо ва барномаҳои табодули академӣ, инчунин тақвияти ҳамгироии илм ва истеҳсолот тавассути татбиқи технологияҳои рақамӣ ва «сабз»-ро ро пайгирӣ менамоем. Вазир пешниҳод намуд, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ, ташкили мубодилаи устодону донишҷӯён, таъсиси фонди минтақавии грантҳо ва ифтитоҳи маркази ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар минтақа зарур мебошад.
Таъкид шуд, ки чунин иқдом метавонанд имконияти нави таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва шуғли ҷавононро фароҳам оварда, ба рушди иқтисод ва тақвияти низоми тандурустӣ ва муҳандисии давлатҳо мусоидат намоянд.
Барномаи конгресс фарогири якчанд ҷаласаи муҳимми мавзуӣ, аз ҷумла панелҳои сатҳи вазирон, муҳокимаҳои илмӣ ва нишастҳои соҳавӣ дар самтҳои иқтисод, технология ва тиб буд, ки дар онҳо масъалаҳои густариши ҳамкории байнидонишгоҳӣ, татбиқи барномаҳои муштарак ва рушди таҳқиқоти илмӣ баррасӣ гардид.
Дар доираи конгресс Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як зумра ҳамтоён ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои иштирокчӣ вохӯрӣ намуд. Мусоҳибон масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва рушди лоиҳаҳои муштараки илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Конгресс платформаи муҳимми байналмилалӣ дар самти таҳкими ҳамкории илмию таълимӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо маҳсуб шуда, дар он вазирони соҳа, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






