35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Май 24, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пули нави мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи иншоот намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Варзоб ва фаъолону сокинон иштирок намуданд.

Пули мошингузар дар деҳаҳои Варзоб–Қалъа ва Зимчуруди Ҷамоати деҳоти Варзоб–Қалъа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Дарозии пул 33 метр ва паҳноии он 9 метрро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти инфрасохторӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ба беҳтар гардидани шароити рафтуомади сокинон ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамояд.

Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, роҳу пул ва марказҳои хизматрасонӣ сохта шуда, корҳои созандагӣ дар ҳамаи ҷамоатҳо идома доранд.

Таъкид гарди, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, сокинон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти Ватан саҳм мегузоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ изҳори сипос карда шуд. Сокинон низ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Май 24, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд