7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст

Май 7, 2026 08:22

ДУШАНБЕ, 07.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 май дар Тоҷикистон Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа муқаррар гардидааст.

–Ин сана  эътирофи  саҳми кормандони ин соҳаҳо дар рушди иттилоот ва маърифати ҷомеа маҳсуб мешавад. Телевизион ва радио ва алоқа  дар ташаккули афкори солими ҷомеа, расонидани ахбори саривақтӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ нақши муассир доранд. Кормандони соҳаи алоқа бо фароҳам овардани иртиботи босифат байни шаҳрвандон ва муассисаҳо ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлат мусоидат менамоянд.

Рақамикунонии соҳаи алоқа

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  (16 декабри соли 2025) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки барои амалисозии иқдомоти созанда дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ва ҳадафу вазифаҳои стратегии давлат лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Дар ин асно лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Басе рамзист, ки дар арафаи таҷлили иди касбии кормандони соҳаи алоқа (7 май) ин санад аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Татбиқи стратегия ба рушди инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ, баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба интернети баландсуръат, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии пешрафта ва тақвияти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар се моҳи соли 2026 дар мамлакат 750 истгоҳҳои базавӣ насб карда шудааст. То охири соли равон насби 1850 истгоҳҳои базавӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин соли 2026 насб ё иваз намудани 3177 аккумулятор, 262 дизелгенератор ва насби 873 панели офтобӣ бо иқтидори 4,4 МВт дар назар дошта шудааст.

Барои вусъат бахшидани фаъолияти устувори  истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет соли равон 197 километр хати нахи нурӣ кашида шуд.

Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои андешида суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон аз 7,2 Мбит/с дар аввалҳои соли 2025 то ба 12,9 Мбит/с дар соли 2026 баланд гардид. Суръати интернети собит ҳоло ба 41,85 Мбит/с расонида шуда, ин раванд идома дорад. Суръати интернети собит дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с расонида мешавад.

Дар Тоҷикистон интернет аз ҷониби 6 ширкати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва 34 ширкати хизматрасонии алоқаи собит таъмин мегардад.

Телевизион ва гузариш ба пахши рақамӣ

Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид. Яке аз пешравиҳои муҳими солҳои охир гузариши пурраи телевизион ба пахши рақамӣ мебошад. Пахши рақамӣ сифати тасвир ва садоро чанд маротиба беҳтар намуда, барои мардум имкони тамошои шабакаҳои зиёдро фароҳам овардааст. Истифодаи дастгоҳҳои наворбардорӣ ва танзими муосир имкон дод, ки мазмуну муҳтавои барномаҳо касбӣ ва ҷолиб гардад.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, телевизион аз дигар воситаҳои ахбори омма бо он фарқ менамояд, ки дар матбуот воқеот, факту рақам ва таҳлили мавзуъҳо рӯи коғаз дарҷ мегардад ва хонанда онҳоро интихобан мехонад. Дар телевизион воқеоти муҳим ҳамон рӯз ё баъди лаҳзаҳое, ки муддати чандон нагузаштааст, пешкаши тамошобинон мегардад. Телевизион ҳам ба узвҳои шунавоӣ таъсир мерасонад ва ҳам ба биноӣ, яъне зимни тамошо дарки эҳсосоти якҷоя дида мешавад.

Дар шабакаҳои телевизионии мамлакат имрӯз тамоми минтақаҳои сайёҳии мамлакат, дастовардҳои олимони тоҷик, пешравиҳои ҷавонони мамлакат дар соҳаҳои гуногун ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик тарғибу ташвиқ мегарданд, ки яке аз роҳҳои хуби муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Телевизион ҳамчун воситаи муҳими иттилоотию фарҳангӣ дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Бо афзоиши шумораи шабакаҳо, рушди технологияҳои пахш ва беҳтар шудани сифати барномаҳо нақши телевизион дар ташаккули афкори ҷомеа, болоравии маърифат ва таҳкими фарҳанги миллӣ рӯз то рӯз бештар мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳоло дар мамлакат беш аз 100 шабака ва муассисаи давлатию хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.

Радио–воситаи фарогири иттилоот

Радио  воситаи фарогири  расонидани иттилоот  ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти ҷаҳони имрӯз, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад.

Радио дар таҳкими  фазои иттилоотии Тоҷикистон нақши назаррас дошта, ҳадафи аслӣ ва муҳтавои барномаҳои он иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад.

Таҳавуллоти ҷаҳони муосир ва рушди босуръати илму технология торафт ба фазои иттилоотӣ  таъсир мегузоранд.  Бо  назардошти он ки  сомонаҳои зиёди иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро  ба худ ҷалб намудаанд, кормандони  радио мутобиқ ба  талаботи замони муосир фаъолият намуда, аз имконияти фаровони технологияи муосир, ки кори радиоро бамаротиб осон менамояд, самаранок истифода менамоянд.

Дар  замони муосир радио воситае аст, ки рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси рӯйдоду воқеаҳо, таҳкими фазои иттилоотӣ,  рушди давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳуввияти  миллӣ,  тавсеаи ҷаҳонбинии мардум ва ваҳдати миллӣ нақши муассир гузошта, ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 7, 2026 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид