Аббос Алиободӣ: «Эрон омода аст, ки таҷрибаи худро дар соҳаи обу энергетика бо Тоҷикистон ва ҷаҳон мубодила намояд»
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Исломии Эрон омода аст, ки таҷрибаи худро дар соҳаҳои обу энергетика бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мубодила намояд», — иброз дошт дар нишасти матбуотӣ Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тибқи иттилои мухбири АМИТ «Ховар», дар нишасти матбуотӣ Аббос Алиободӣ гуфт, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои таҳкими дӯстиву бародарӣ, густариши ҳамкорӣ ва ҳамбастагии ду давлат баррасӣ гардиданд.
Ба гуфтаи Аббос Алиободӣ , дар рафти суҳбат инчунин оид ба вазъи кунунии минтақа ва зарурати ҳамкории муштарак барои рафъи мушкилоти мавҷуда мубодилаи афкор доир гардид.
Роҳбари ҳайати Эрон таъкид намуд, ки тоҷикону эрониёнро таъриху фарҳанг, забон ва арзишҳои муштарак ба ҳам мепайванданд. «Мо Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Фирдавсиро шоирони як миллат медонем», — илова кард ӯ.
Дар идома Аббос Алиободӣ ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва ташаббусҳои байналмилалии он дар ин самт баҳои баланд дод.
Гуфта шуд, ки суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бисёр созанда ва муҳим буд.
Пайрав ҚОСИМ
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд






