Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд

Май 8, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ барои иштирок дар кори Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки 25-28 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, изҳори омодагӣ кард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ, таҳти роҳбарии директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Самеҳ Ваҳба дар шаҳри Душанбе мулоқот намуд. Зимни суҳбат саҳми шарикони байналмилалӣ дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об муҳим арзёбӣ гардид.

Мусоҳибон инчунин масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таҳкими инфрасохтори соҳа ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии захираҳои об, таҷдид ва навсозии инфрасохтори обрасонӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об ва татбиқи низомҳои муосири рақамикунониро дар соҳаи обу энергетика баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкориро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Бонки ҷаҳониро барои иштироки фаъол дар кори Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» даъват намуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд