Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ҷаласаи канорӣ оид ба татбиқи ҳуҷҷати «равиши ягонаи саломатӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаласаи канорӣ доир ба татбиқи ҳуҷҷати “равиши ягонаи саломатӣ” дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Ҳуҷҷати мазкур таҳлили вазъи тағйирёбандаи бемориҳои фаромарзии ҳайвонотро (TADs) пешниҳод мекунад. Он инчунин мушкилот ва имконияти асосиро муайян карда, тавсияҳо медиҳад.
Дар ҷаласа иштирокдорон доир ба зарурати механизмҳои ҳамгирошудаи идоракунӣ, ҳамоҳангсозии пайвастаи байнисоҳавӣ ва сармоягузориҳои пешгирикунанда барои беҳбуди саломатӣ ва коҳиш додани осебпазирии ҳайвонот, наботот, системаҳои ғизо, биозахираҳои обӣ, микроорганизмҳо, муҳити зист ва одамон ба таъсири берунӣ ибрози назар намуданд.
Таъкид карда шуд, ки вазъият дар кишварҳои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуногун буда, баъзе таҳдидҳо барои ҳама умумӣ мебошанд. Ба онҳо бемориҳои фаромарзӣ ва зоонозӣ, бемориҳои ғизоӣ, муқовимати зиддимикробӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба маҳсулнокии чорво ва саломатии ҳайвонот дохиланд.
Пешниҳод гардид, ки таҳким ва муттаҳидсозии механизмҳои идоракунӣ дар доираи равиши ягонаи саломатӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ бо таъсиси платформаҳои расмии ҳамоҳангсозии бисёрсоҳавӣ, ки ҳамоҳангсозии кори бахшҳо, аз қабили байторӣ, тандурустии ҷамъиятӣ ва амниятро таъмин мекунанд, дастгирӣ карда шавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд






