Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд

Май 22, 2026 14:18

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо пешрафти илму техника, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таҳдидҳои ҷинояткорӣ низ тағйир ёфтаанд. Ин нуктаро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар конфронси якуми илмӣ-амалии байналмилалии «Масоили мубрами назария, қонунгузорӣ ва амалияи муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир», ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир шуд, иброз намуд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар конфронс ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, раиси кумитаи  Маҷлиси намояндагон Барно Саидвализода,  олимону намояндагони Донишкадаи таҳқиқоти криминологии Ҷумҳурии Узбекистон, Донишгоҳи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба илм дар шаҳри Санкт-Петербург (ба таври маҷозӣ), доираи васеи олимони соҳаи ҳуқуқ ва унвонҷӯён аз Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иброз намуд, ки баргузории чунин конфронси байналмилалӣ дар Душанбе имкон медиҳад, ки таҷрибаи ҳамдигар омӯхта шуда, ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм, экстремизми хушунатомез, савдои одамон ва киберҷиноятҳо ба роҳ монда шавад.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорони конфронс оид ба назария, амалия, воқеияти муқовимат ба ҷинояткорӣ, таъсири ҳуқуқи ҷиноятии байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ, татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ, таъсис ва амали гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ дар кушодани ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим маъруза намуданд.

Конфронси байналмилалӣ дар фазои озоди илмӣ ва мубодилаи афкори судманд баргузор гардида, ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба масоили мубрами назария, қонунгузорӣ ва амалияи муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2026 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд