Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад

Май 11, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 10 то 14 майи соли равон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Имрӯз дар шаҳри Бохтар Симпозиум расман оғоз гардида, чорабиниҳои дигари он дар рӯзҳои минбаъда дар ноҳияҳои Восеъ ва Ховалинг идома меёбанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш олимон, муҳаққиқон, таърихшиносон, бостоншиносон ва меҳмонон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуда, доир ба таърихи Хутал, нақши он дар ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақа, маърӯза ва мусоҳибаҳо анҷом медиҳанд.

Барномаи ҳамоиш баргузории нишастҳои илмӣ, боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар бар мегирад.

Тибқи барнома, 11 май дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.

12 май иштирокчиёни Симпозиум ба шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сафар карда, бо ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ шинос мешаванд. Инчунин дар ин рӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ филми мустанади «Хутали қадим» муаррифӣ мегардад.

Меҳмонону иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ дар ин рӯз ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар карда, бо мавзеи таърихӣ-табиии Кулдара ва Осорхонаи асри санги Ховалинг ва осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия шинос мегарданд. Меҳмонони ҳамоиш дар барномаи фарҳангии Шоми дӯстӣ дар ин ноҳия иштирок менамоянд.

13 май иштирокчиёни Симпозиум ҷиҳати шиносоӣ ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба «Қалъаи Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувон сафар мекунанд. Дар ин ҳамин рӯз иштирокчиёни ҳамоиш бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.

Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш тарғиб, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Хутали қадим, таҳкими ҳамкории илмӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Ҳамоиш ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии сатҳи баланди илмӣ дар он аст, ки бояд мо таърихи халқу миллатро аз умқи таърих, яъне аз давраҳои асри санг то давраи муосир ҳамаҷониба нишон дода тавонем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Баргузории ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ низ бояд дар сатҳи хубу хотирмон ва муаррифии таърихи миллати тоҷик ба ҷаҳониён бошад. Объектҳое, ки дар номинатсияи Хутали Қадим нишон дода шудаанд, фарогири тамоми таъриху фарҳанги миллат набуда, балки ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги миллатро нишон медиҳанд. Баргузории ҳамоиши мазкур ба васеъ муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар намунаи таъриху фарҳанги Хутали Қадим равона гадидааст. Зеро он оғоз аз ҳазораи асри санг, яъне аз давраи неолит бо канда нашудан, яъне бо пайвастагии силсилаи хронологияи таърихӣ то ба давраи имрӯз расидааст. Дар қатори нишони додани таъриху фарҳанги миллӣ ҳамчунин бояд таваҷҷуҳи хоссаи олимони ватаниву хориҷӣ, хусусан ҷавонону наврасон ба шиносоӣ бо таърихи пурғановат ва фарҳанги миллати тоҷик ҷалб карда шавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 11, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд