Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд.
Сарвари давлат дар оғози суҳбат ба Ли Ҷунҳуа, ки ҳамраиси “Раванди оби Душанбе” мебошад, барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштироки фаъол дар конфронси мазкур ва ҳам аз саҳми намоёни доимияш дар ин раванд арзи қаноатмандӣ намуданд.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо СММ, бахусус бо Дафтари созмон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва кор бо паёмадҳои онҳо баррасӣ шуд.
Оид ба татбиқи натиҷаҳои ҳамоишҳои қаблӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор, ҳадафманд анҷом додани конфронси кунунӣ ва омодагӣ ба чорабиниҳои дигари байналмилалии ин самт дар соли равон ва соли 2028 гуфтугӯи судбахш ҷараён гирифт.
Ба кори “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ҷонибҳо таваҷҷуҳ карда, изҳори бовар намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими имкониятҳои он саҳми назаррас хоҳанд дошт.
Гуфтугӯи судбахш, ҳамчунин доир ба фаъол нигоҳ доштани Гурӯҳи дӯстони об ва пиряхҳо дар Ню-Йорк ва абзорҳои дигари рушди ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд






