Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд

Май 13, 2026 15:43

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Чонгчин аз ширкати калони саноатии “Зонгшен” боздид намуданд.

Дар корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо навъу намудҳои техникаи сабуку вазнин, мототсиклҳои дучарха ва сечарха, дучархаҳои варзишӣ, муҳаррикҳои гуногун, мошинҳои хурду калони кишоварзӣ, авиатсионӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои мухталиф шинос шуданд.

Намояндагони ширкат ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар бораи хатҳои муосири истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои корхона ва нақшаҳои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои олам маълумот доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи Зонгшен (Zonsen) яке аз ширкатҳои пешсафи Чин дар соҳаи мошинсозӣ буда, маҳсулоташ ба даҳҳо кишвари ҷаҳон содир мешавад.

Дар корхона дар як сол 20 миллион муҳаррики гуногун истеҳсол карда мешавад, ки 60 дар сади он ба содирот нигаронида мешавад.

Зимни шиносоӣ бо иқтидори корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои бузурги Тоҷикистон аҳамияти ҷалби сармояи чинӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро дар рушди саноати ватанӣ таъкид намуданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак ва ташкили истеҳсолоти саноатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон баррасӣ шуда, аҳамияти он барои рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир муҳим арзёбӣ гардид.

Боздид аз корхонаи саноатии “Зонгшен” дар шаҳри Чонгчин 13.05.2026

Май 13, 2026 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд