РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд

Май 7, 2026 08:43

ДУШАНБЕ, 07.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо иштироки роҳбари Барномаи Cозмони Милали Муттаҳид (UN-Habitat) Амира Ал-Ҳассан нишасти матбуотӣ оид ба ҷараёни омодагиҳо ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар чорабинӣ сафирони кишварҳои гуногун, роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими кишвари иқомат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар нишаст Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода оид ба конфронси мазкур маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, бахусус Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» шинос карда, ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод.

Роҳбари Барномаи Cозмони Милали Муттаҳид (UN-Habitat) дар Давлати Кувайт Амира Ал-Ҳассан оид ба аҳаммияти конфронси об ва ҳадафҳои он ибрози назар намуда, ба ҳамраисии муваффақонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди омодагӣ ба ин конфронс баҳои баланд дод. Иброз гардид, ки саҳмгузорӣ дар соҳаи об- ин сармоягузорӣ ба ояндаи инсоният ва суботи ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон дар ҷараёни нишаст нақши кишварҳои шарик дар татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи мазкур махсус таъкид гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Май 7, 2026 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид