РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Миср нақши Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии об баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Қоҳира бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср ва дар ҳамкорӣ бо Маркази пажӯҳишҳои сиёсӣ ва расонаии «Ҳивор» (Гуфтугӯ) таҳти унвони «Тоҷикистон ва Конфронси чоруми об» ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони расонаҳои мисрӣ, ниҳодҳои иқтисодӣ, обу иқлим ва муҳити зисти кишвари иқомат иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода ҳадафҳои асосии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро, ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе доир мегардад, шарҳ дод ва расонаҳою коршиносони мисриро даъват намуд, ки дар инъикоси чорабинии мазкур фаъолона иштирок намоянд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






