Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода, ки ҳамзамон вазифаи роҳбари ҳайати корпуси дипломатии муқими Давлати Кувайтро бар уҳда дорад, бинобар анҷоми маъмурияти дипломатӣ бо Валиаҳди Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.
Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон салому паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Амири Давлати Кувайт ва Валиаҳди ин кишвар расонид. Валиаҳди Давлати Кувайт барои паёми дӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, эҳтиром ва таманниёти некашро ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон баён кард.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди дуҷонибаро баррасӣ намуда, аз рушди робитаҳои Тоҷикистону Кувайт дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳамчунин саҳми Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисоди араб дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва иқдомҳои охир ба хотири таҳкими ҳузури дипломатии ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.
Дар анҷоми мулоқот Валиаҳди Давлати Кувайт саҳми Зубайдулло Зубайдзодаро дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт ва фаъолияти ӯ ҳамчун дуайени корпуси дипломатӣ баланд арзёбӣ намуда, ба ӯ барои фаъолияти пурсамараш изҳори сипос кард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






