Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд

Май 22, 2026 14:37

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов  бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Ашқобод қарор дорад, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар оғози суҳбат Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон бар пояи принсипҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобил асос ёфта, рушд мекунанд.

Ҷонибҳо ба афзоиши минбаъдаи ҳаҷми тиҷорати мутақобил таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Дар ин робита ҷонибҳо аз нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон, ки чун платформаи муассир барои пешбурди лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак боқӣ мемонад, ёдовар шуданд.

Май 22, 2026 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд