Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши инфиродии осори арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов таҳти унвони «Меандешам, пас ҳастам» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Намоиш бо ибтикори Осорхонаи миллӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва пайвандони мусаввир иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки Сӯҳроб Қурбонов бо тафаккури густурдаи бадеӣ, рамзшиносии амиқ ва забони пурқуввати образӣ фарқ намуда, дар рушди санъати тасвирии муосири тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст.
Таъкид шуд, ки осори рассом таҷассумгари хотираи таърихӣ, маънавият, пайванди фарҳангӣ ва ҷаҳони ботинии инсон буда, дар муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки Сӯҳроб Қурбонов ҳамчун Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи чандин ҷоизаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, узви академияҳои бонуфузи санъат ва роҳбари собиқи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар ташаккули мактаби миллии рассомӣ ва тарбияи насли нави ҳунармандон хизматҳои шоиста намудааст.
Иштирокдорон аз ҳамкории чандинсолаи рассом бо сохторҳои ЮНЕСКО ёдовар шуда, саҳми ӯро дар таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ, ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии башарият баланд арзёбӣ намуданд.
Баён гардид, ки баргузории намоишгоҳҳои инфиродии рассом дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Ню-Йорк, Дафтари аврупоии СММ дар Женева ва муассисаҳои бонуфузи фарҳангии Чин бозгӯи эътирофи байналмилалии ҳунари ӯ мебошад. Намоиш то 5 июни соли 2026 идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






