ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 май, якшанбе, 130-юмин рӯзи соли 2026 аст
10 майи соли 2013 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Шашмақом Фестивал-симпозиуми байналмилалии шашмақом баргузор гардид. Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон шашмақом чун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо намуд.
***
10 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва кормандони муҳандисӣ-техникии Неругоҳи барқи обии «Роғун» мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.
***
10 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Муассисаи давлатии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоев унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд.
***
10 майи соли 2019 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдорӣ мулоқот намуданд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «мақсади мулоқот баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад».
10 МАЙ:
Рӯзи ҷаҳонии ҳаракат ба хотири саломатӣ.
***
Рӯзи байналмилалии Модар.
***
Дар Озарбойҷон- Иди гулҳо
***
Дар Олмон Рӯзи китоб
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
10 майи соли 1995 пули миллии Тоҷикистон – рубли тоҷикӣ ба муомилот баромад.
***
10 майи соли 2011 барандаи якчанд мукофоти байналмилалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қосимов бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба истиқболи Рӯзи Шашмақом Фестивал—симпозиуми байналмилалии шашмақом баргузор гардид.
***
10 майи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
10 майи соли 2018 дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардид.
***
10 майи соли 2022 вакилони Маҷлиси намояндагон бо коршиносони Комиссияи Венетсияи Шурои Аврупо мулоқот намуданд.
***
10 майи соли 2023 Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон «TDH» ба имзо расид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 1811 дар Англия пули коғазӣ ба муомилот бароварда шуд.
***
Соли 1930 Клуби футболи Русия — «Ростов» таъсис дода шуд.
***
Соли 2017 нашри русии маҷаллаи маъруфи «Нешнл Ҷеографик» («National Geographic») шоҳроҳи Помирро ба қатори 10 роҳи зеботарини дунё дохил кард.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳошим Гадоев –соли 1937–ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (1979), Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973). Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017).
***
Гурез Сафар–рӯзноманигор, шоир, нависанда, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1989), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 май, шанбе, 129-умин рӯзи соли 2026 аст






