ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 май, чоршанбе, 133-юмин рӯзи соли 2026 аст

Май 13, 2026 08:00

13 майи соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи шашмақом консерти бошукуҳи идона баргузор гардид.

***

13 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ намуданд.

***

13 майи соли 2021 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории самаранок байни ду давлат дар оянда низ идома меёбад.

***

13 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен   Ашимбаевро, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмии ҷавобӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

13 МАЙ:

Рӯзи ҷаҳонии қоқу.

***

Рӯзи ҷаҳонии техника барои оянда.

***

 Дар Русия – Рӯзи хадамоти дидбонӣ-посбонии милитсия.

РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:

13 майи соли 1940 Боғи ботаникии Помир ифтитоҳ гардид.

***

13 майи соли 2010 аввалин маротиба дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

***

13 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2010 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

13 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  баррасӣ шуд.

***

13 майи соли 2023 масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар заминаи ҳифзи муҳити зист дар Душанбе баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Форуми 9-уми бисёрҷонибаи тарафҳои манфиатдор оид ба илм, технология ва инноватсия барои Ҳазорсолаи Рушди Устувор (STI) дар шаҳри Ню-Йорк имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Соли 1927 дар Киев клуби футболи «Динамо Киев» ифтитоҳ гардид.

***

13 майи соли 1939 дар Париж Конфронси байналмилалии ҳифзи сулҳ, демократия ва эътибори инсоният баргузор гардид.

***

Соли 2016 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳансолтарин зани сайёра аз олам даргузашт.

Май 13, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш