ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 май, шанбе, 136-умин рӯзи соли 2026 аст
16 майи соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи 13 майи ҳамон сол зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Сангвор сафар намуданд.
***
16 майи соли 2013 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон Каликбек Султонов масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ҳарду давлат, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳангро баррасӣ намуданд.
***
16 майи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфта, масоили ҳамкории судбахш, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидат ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
***
16 майи соли 2016 дар ҷараёни сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ-фароғатии «Авеню» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии «Маҷмуату шарикот ал-Шоеъ» Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ мулоқот намуданд.
***
16 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Беларус- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
16 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд. Мулоқот ба 30-солагии имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бахшида шуда буд.
***
16 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Саммити сарони давлатҳои «Чин + Осиёи Марказӣ» ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
***
16 майи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ шуд.
***
16 майи соли 2025 дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳоти Корез дар бунёди коргоҳи истеҳсоли дару тиреза ва панелҳои алюминии Ҷамъияи дорои масъулияти маҳдуди «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузошта, бо лоиҳаи бунёди ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.
***
16 майи соли 2025 дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҷамъу васл ва истеҳсоли мошинҳои гуногунтамғаи зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар Групп» санги асос гузоштанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оксус Интеразияро мавриди истифода қарор доданд.
***
16 май соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам шинос шуданд.
16 МАЙ:
Рӯзи биографҳо.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
16 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид.
***
16 майи соли 2012 муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар мулоқоти хосаи дуҷонибаи Сарони ҳарду давлат: муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин муҳокима гардид.
***
16 майи соли 2013 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Белеми Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр партофта, медали тилло ба даст овард.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ карда шуданд.
***
16 майи соли 2015 Сафири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аъзамшо Шарифӣ дар шаҳри Ҷидда бо Раиси Бонки рушди исломӣ (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломиро дар заминаҳои гуногун баррасӣ намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 1929 аввалин бор дар меҳмонхонаи «Roosevelt» дар Ҳолливуд (ИМА) маросими супоридани Ҷоизаи машҳури «Оскар» доир гардид. Ин маросим ҳамагӣ 15 дақиқа давом карда, дар он тақрибан 250 нафар иштирок намуданд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 май, ҷумъа, 135-умин рӯзи соли 2026 аст






