ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 май, якшанбе, 137-умин рӯзи соли 2026 аст

Май 17, 2026 08:00

17 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ Латифа Ахарбаш мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ имконоти густариши робитаҳои ду давлат баррасӣ шуд.

***

17 майи соли 2010 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо  Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ аз ҳамкории густурдаи ин созмон бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

17 майи соли 2010 зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета доир ба мавҷудияти имконоти фарохи ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии ду давлат гуфтугӯи судманд доир шуд.

***

17 майи соли 2013 музокироти расмии сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Таиланд дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра доир гардид.

***

17 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

17 майи соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқириро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

***

17 майи соли 2023 дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот анҷом доданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид ба амал овард.

***

17 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Данғара иштирок ва суханронӣ намуданд.

17 МАЙ:

Рӯзи ҷаҳонии алоқаи барқӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии нонпазӣ.

***

Дар Нигерия–Рӯзи конститутсия.

РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:

17  майи соли 2010  дар шаҳри Душанбе иҷлосияи  37 – уми  Шурои   вазирони  корҳои  хориҷии  давлатҳои   аъзои Созмони  конфронси  исломӣ баргузор гардид.

***

Соли 2016 Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров барои иштирок дар кори иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санк-Петербурги Русия сафар намуд.

***

17 майи соли 2015 роҳбари Кумитаи иҷроияи шарқии иқтисодиёти Олмон, профессор Райнер Линднер барои иштирок дар форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон, ки 18 майи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба Тоҷикистон омад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

17 майи соли 1865 Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ таъсис дода шуд.

Май 17, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш