ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 май, сешанбе, 139-умин рӯзи соли 2026 аст

Май 19, 2026 08:00

19 майи соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар бораи эълон гардидани соли 2004 ҳамчун Соли санъати эстрадаи муосир Фармон ба имзо расониданд.

***

19 майи соли 2010  дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон Муҳаммад Бодаҳдаҳ масоили мавриди таваҷҷуҳ ва тадбирҳои минбаъдаи судманд баррасӣ гардиданд.

***

19 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Форуми дуюми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Чианг Майи Шоҳигарии Таиланд баргузор гардид,  дар мавзуи  «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут ба об» суханронӣ намуданд.

***

19 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, истиқбол гирифтанд. Зимни мулоқоти хоссае, ки байни сарони давлатҳо доир шуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

***

19 майи соли 2021 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо мақсади шиносоӣ бо имконияти рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карда, вохӯрии ғайрирасмӣ доир намуданд.

***

19 майи соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъӣ ва афзалияти раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

19 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

19 МАЙ:

Рӯзи ҷаҳонии табиби оилавӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии бозии одилона.

РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:

Соли 2008 дар шаҳри Москва сомонаи нави Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кушода шуд.

***

19 майи соли 2009 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи XXIX Шурои байнидавлатӣ оид ба заминсозӣ, харитасозӣ, кадастр ва таҳқиқи фосилавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

19 майи соли 2011 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аввалин ҳисобот ва сомонаашро муаррифӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Чианг Майи Шоҳигарии Таиланд Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзуи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут ба об»  баргузор гардид.

***

19 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Соли 1907 Ассотсиатсияи футболи Финландия таъсис дода шуд.

***

19 майи соли 1930 дар Африқои Ҷанубӣ ба занони сафедпӯст иҷозаи дар интихот иштирок кардан дода шуд.

***

19 майи соли 2012  нахустин маротиба  дастаи футболи «Челси» ғолиби мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА (Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо) гардид. Дар бозии ниҳоӣ дастаи футболи «Челси» дастаи  «Бавария»-ро шикаст дод.

Май 19, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш