ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 май, якшанбе, 151-умин рӯзи соли 2026 аст
31 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Мудири иҷроияи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир баррасӣ гардиданд.
***
31 майи соли 2012 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои аз Кодекси чиноятӣ ба Кодекси гражданӣ гузаронидани моддаҳои 135 (туҳмат) ва 136 (таҳқир) якдилона қабул намуданд.
***
31 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маросими ба табъ расидани маҷаллаи чинии «Пули қора» баргузор гардид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҳамкории байнидавлатии ду мамлакат маълумот дода мешавад.
***
31 майи соли 2018 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон намуд.
31 МАЙ:
Рӯзи байналмилалии бе сигор.
***
Дар Русия – Рӯзи адвокатура.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
31 майи соли 1960 корхонаи трансформаторбарории шаҳри Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуд.
***
31 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маросими ба табъ расидани маҷаллаи чинии «Пули қора» баргузор гардид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҳамкории байнидавлатии ин ду давлат маълумот дода мешавад.
***
31 майи соли 2023 ба ифтихори 100-солагии пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳо ифтитоҳ гардид. Ддар он намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
***
31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло ва намояндагони давлатҳои иштирокчии конфронс натиҷагирӣ карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 1850 дар Фаронса ҳуқуқи интихобкунии оммавӣ бекор карда шуд.
***
Соли 1879 дар Олмон аввалин маротиба дар ҷаҳон роҳи оҳани барқӣ ба истифода дода шуд.
***
Соли 1911 киштии мусофирбари «Титаник» бо зиёда аз 2200 мусофир ба роҳ баромад, ки 270 метр дарозӣ, 30 метр паҳноӣ дошта, вазнаш 46 ҳазор тоннаро ташкил медод.
***
Соли 1961 Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 май, шанбе, 150-умин рӯзи соли 2026 аст






