ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 май, чоршанбе, 126-умин рӯзи соли 2026 аст
6 майи соли 2009 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсис додани филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе фармон имзо намуданд.
***
6 майи соли 2013 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансипро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ карда шуд. Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника ва фарҳанг доир гардид.
***
6 майи оли 2014 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Президенти вақти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, бо ҷараёни сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз шинос шуданд. Сипас Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва ҳайати ҳамроҳаш бо табиати сабз ва зебои дараи Варзоб шинос шуданд.
***
6 майи соли 2021 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа мулоқот анҷом доданд.
6 МАЙ:
Дар Тоҷикистон–Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ
***
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико–Рӯзи ҳамшира.
***
Дар Булғористон–Рӯзи артиш.
***
Рӯзи байналмилалӣ ба муқобили парҳез.
***
Рӯзи нӯшокиҳо.
***
Рӯзи бе вазифаҳои хонагӣ.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
6 майи соли 2009 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳанги Покистон ифтитоҳ гардид.
***
6 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия – Ҷамъияти муштараки масъулияти маҳдуди «Душанбе-Текс», ки ба коркарди нахи пахта махсус гардонида шудааст, ба фаъолият шуруъ кард.
***
6 майи соли 2010 Шурои иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи ёрии таъҷилӣ дар барқарорсозии бахши энергетикӣ дар Тоҷикистон гранти иловагиро дар ҳаҷми 15 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасдиқ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 58-уми Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
6 майи соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе байни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Петрозаводи Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
6 майи соли 2023 дар Душанбе масъалаи ҳамкории илму маориф ва рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
6 майи соли 1833 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин техникаи шудгоркунии пӯлодин сохта шуд.
***
Соли 1835 аввалин шумораи рӯзномаи амрикоии «Ню-Йорк гералд» нашр шуд.
***
6 майи соли 1993 Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таъсис додани «Минтақаҳои бехатар» дар Сараево, Тузл, Зеп, Гораҷ ва Сребренитса дар ҳудуди Босния ва Гертсеговина хабар дод.
***
Соли 2009 Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави дастаҳои мунтахаби футболро нашр намуд, ки дар он тими мунтахаби Тоҷикистон дар байни 207 дастаи олам мақоми 147-ро касб намуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 май, сешанбе, 125-умин рӯзи соли 2026 аст






