Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд

Июнь 6, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  (СҲШ) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд.

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои муқовимат ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин таҳдиду хатарҳои муосири марбут ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти ғайриқонунӣ, ҳамзамон масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва табодули таҷриба байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода нақши муҳими Созмони ҳамкории Шанхайро ҳамчун минбари муассири таҳкими эътимод, ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак ва таҳияи равишҳои мувофиқашуда дар муқовимат ба таҳдидҳои муосири амниятӣ иброз намуда, зарурати гузариш аз равишҳои эъломиявӣ ба тадбирҳои амалии ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла таъсиси шабакаҳои ҳифзшудаи мубодилаи фаврии иттилоот, тавсеаи таҷрибаи баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, ташаккули механизмҳои ягонаи муқовимат ба маблағгузории терроризм ва экстремизм, инчунин такмили низоми омодасозии мутахассисони соҳавиро махсус таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки дар шароити таҳдиду хатарҳои глобалӣ такмили минбаъдаи механизмҳои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳкими мубодилаи иттилоот, пешгирии радикализатсия, муқовимат ба паҳншавии идеологияи экстремистӣ, инчунин рушди тадбирҳои муштарак дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аҳамияти махсус касб менамояд.

Иштирокчиёни ҷаласа зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, такмили механизмҳои ҳамоҳангсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии амалҳои муштаракро барои таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ тасдиқ намуданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ мулоқотҳои кории ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуданд, ки зимни онҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамоҳангӣ дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Июнь 6, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд