Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2026 баргузор шуд

Июнь 19, 2026 10:25

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа раванди иҷрои «Барномаи давлатии такмилу таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030», «Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» баррасӣ гардид.

Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода ва сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Набиев рӯнамо пешниҳод гардид.

Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои гуфташуда вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва вазъи иҷрои ин ҳуҷҷатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мегардад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 19, 2026 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд