Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ақиқатчӣ (Омбудсмени)-и Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ёдошти тафоҳум имрӯз дар дораи Вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, ба имзо расид.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ доир ба ҳамкорӣ дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, таҳкими фаъолияти ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон ва густариши робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Рушди ҳамкорӣ байни ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони ду давлат барои таҳкими ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, такмили механизмҳои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва пешбурди арзишҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон аҳамияти муҳим дорад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки Ёдошти тафуҳум заминаи ҳуқуқиро барои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мубодилаи иттилоот ва таҷриба, баргузории чорабиниҳои муштарак, таҳқиқоти соҳавӣ, такмили иқтидори касбӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон фароҳам меорад.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






