Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Созишномаҳои сармоягузорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Канзи Диёр» таъсис, рушди корхонаҳои истихроҷ, коркарди маъданҳо дар шаҳри Панҷакент ва бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» татбиқи лоиҳаи сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи истихроҷ, инчунин коркарди тилло дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғдро пешбинӣ менамояд.
Амалисозии лоиҳаҳо барои татбиқи амалии «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди инфрасохтори истеҳсолию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи даромад ва некуаҳволии аҳолӣ, воридоти технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






