Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Рашт оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
РАШТ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Рашт таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода оид ба истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сохторҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва минтақаи Рашт, раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва фаъолону кормандони шабакаҳои барқи минтақа иштирок намуда, дар он истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптосаъор, паст кардани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2025 дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд, ки ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.
Дар ҷаласа пешгирии талафот ва ғайриқонунӣ истифодаи неруи барқ дар чор моҳи соли равон ва рафти иҷрои супоришҳои додашудаи комиссияи кории доимоамалкунанда аз 18 октябри соли 2025 оид ба истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-минтақаи Рашт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода вобаста ба вазъи воқеии зеристгоҳҳои барқӣ, омилҳои асосии афзоиши талафоти неруи барқ, нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ, қарздорӣ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифода шуда ва аз меъёри муқараргардида зиёд истифода бурдани неруи барқ сухан намуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул дастур дода шуд.
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода ва директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода оид ба рафти иҷрои супоришҳои қаблан дар ҷаласаи комиссияи корӣ вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-минтақаи Рашт маълумот пешниҳод намуданд.
Таъкид шуд, ки сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.
«Моро зарур аст, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси маърифатнокӣ аз неруи барқи мавҷуда, ки норасоии он хусусияти мавсимию муваққатӣ дорад, сарфакорона истифода намоем»,-изҳор гардид дар ҷаласа.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд






