Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана ҷашн гирифтанд

Июнь 27, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Дар ҷамъомад директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода оид ба  қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» иброз намуд, ки қабули ин санад  боз як далели эътирофи байналмилалии ташаббусҳои сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таҷрибаи сулҳофаринӣ ва ваҳдатофарии Тоҷикистон, ки заминаи барқарории сулҳу ризоияти миллӣ ва таҳкими давлатдории навинро фароҳам овард, имрӯз ҳамчун намунаи арзишманд дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст.

Иштирокчиён баён доштанд, ки қабули ин қатънома ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Аз ин рӯ, ин падида боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, бори дигар собит месозад, ки сиёсати хирадмандона, сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои пешрафти давлат, балки барои таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон низ хизмат менамояд.

Дар анҷоми ҷамъомад филми ҳуҷҷатӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба намоиш гузошта шуд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 27, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд