Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Тақвият бахшидани иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж (CBIT)» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа директори Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода, Директори иҷроияи намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агаси Арутюнян ва аъзои Кумитаи роҳбарикунанда иштирок намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории самарабахш дар самти татбиқи муқаррароти Созишномаи Париж, таҳкими иқтидори миллӣ ва андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд.
Ҳадафи асосии ҷаласа баррасии натиҷаҳои амалисозии лоиҳаи «Тақвият бахшидани иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж (CBIT)» дар солҳои 2025–2026 ва муҳокимаи қадамҳои минбаъда барои татбиқи босамари лоиҳа барои соли 2027 арзёбӣ гардид.
Иштирокдорон ҷараёни иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда, дастовардҳо ва масъалаҳои марбут ба таҳкими низоми миллии ҳисоботдиҳӣ ва шаффофиятро баррасӣ намуда, вобаста ба марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






