Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Маркази малакаҳои касбии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобии фотоэлектрикии иқтидораш 150 кВт ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад.
Неругоҳи офтобӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ барои рушди иқтисоди сабз, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин амалисозии бандҳои алоҳидаи «Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Бонки Осиёии рушд бунёд шудааст.
Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ имкон медиҳад, ки қисми муайяни эҳтиёҷоти донишгоҳ ба неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъмин шуда, саҳми муассиса дар коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ҳифзи муҳити зист боз ҳам бештар гардад. Тибқи ҳисобҳои техникӣ, иқтидори истеҳсолии он солона зиёда аз 205 ҳазор киловатт-соат неруи барқро ташкил медиҳад.
Мавридми таъкид аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии рейтинги байналмилалии UI GreenMetric World University Rankings татбиқи принсипҳои рушди устувор, иқтисоди сабз ва технологияҳои инноватсиониро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ меҳисобад. Насби неругоҳи офтобии 150 кВт яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи ташаккули донишгоҳи «сабз» ва баланд бардоштани мавқеи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ин ташаббус саҳми донишгоҳро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, бахусус дар самтҳои таъмини энергияи дастрас ва тоза, рушди инфрасохтори устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим тақвият бахшида, барои дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ низ намунаи таҷрибаи пешқадам маҳсуб меёбад.
Роҳбарияти донишгоҳ тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истифодаи технологияҳои «сабз»-ро боз ҳам густариш дода, барои ташаккули муҳити муосири таълимӣ ва илмии мутобиқ ба талаботи рушди устувор иқдомҳои навро амалӣ намояд.
Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ба рушди «шаҳри сабз» ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири аз ҷиҳати экологӣ тоза, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва ташаккули инфрасохтори муосири «сабз» мусоидат мекунад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






