Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда: ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ» дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027–2036» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён иброз намуданд, ки қабули ин қатъномаи бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва дипломатӣ буда, идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳпарварона ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки дар шароити мураккаби геосиёсии ҷаҳони муосир, ки инсоният бо таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва буҳронҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад, таҳкими сулҳи пойдор, рушди фарҳанги сулҳ ва тавсеаи муколамаи байналмилалӣ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Дар ҷамъомад ба иштирокчиён муҳтавои қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027–2036» муаррифӣ гардида, аҳамияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалии он мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш шеърҳо дар васфи сулҳ, ваҳдати миллӣ ва дӯстии халқҳо қироат гардиданд.
Изҳор шуд, ки ин ташаббуси байналмилалии Роҳбари давлат боз як иқдоми арзишманд дар роҳи таҳкими сулҳи пойдор, рушди фарҳанги сулҳ ва таҳкими ҳамкории созандаи байналмилалӣ мебошад. Ҳамоиш дар фазои баланди илмӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳпарварона ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд






