Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ, энергетика, саноат, технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, сайёҳӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, нақлиёт, инчунин бонкдорӣ ва суғурта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти энергияи барқароршаванда, рақамикунонии иқтисод ва таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳамчун механизми муҳими тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва пешбурди робитаҳои амалии ду мамлакат мебошад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






