Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» баргузор шуд

Июнь 12, 2026 16:17

ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – меҳвари Созмони ҳамкории Шанхай: фазои сулҳ ва рушди муштарак» конфронси навбатии байналмилалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинӣ аҳамияти Осиёи Марказиро ҳамчун фазои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таъкид намуда, зарурати таҳкими пайгиронаи ҳамкориро ба хотири таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор иброз намуд.

Дар доираи нишасти пленарӣ, байни роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Русия табодули афкор шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими минбаъдаи эътимоди мутақобила, густариши ҳамкории бисёрҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун матраҳ гардиданд.

Роҳбарони сохторҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши Созмони ҳамкории Шанхайро ҳамчун платформаи муҳими муколама ва ҳамоҳангсозии талошҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намуданд.

Баргузории конфронс пайравии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро аз таҳкими муколамаи созанда, рушди шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дар заминаи усуслҳои эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ба эътибор гирифтани манфиатҳои якдигар бори дигар тасдиқ намуд.

Конфронс, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ташкил гардид.

Конфронс дар радифи татбиқи муқаррароти дахлдор, ки аҳамияти сиёсии он маротибаи аввал дар Эъломияи Душанбе оид ба бистсолагии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе инъикос шудааст, баргузор карда шуд. Конфронси соли 2026 ба 25-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бахшида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс ҳамчунин паёмҳои видеоии Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев ва Муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Ҷейн Муҳаммад ба иштирокунандагони конфронс пешниҳод гардиданд.

 

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2026 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид