Дар Душанбе машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки онҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин роҳбарӣ намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо атрофи дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда дар чаҳорчӯби ин сохторҳо таъкид карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






