Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд

Июнь 21, 2026 22:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар фазои идона баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Рӯзи фарҳанги ноҳия бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ҳар гӯшаи боғ бо завқи баланди эстетикӣ оро дода шуда буд, оғоз гардид. Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи ҷолиби консертӣ табъи ҷамъомадагонро болида гардониданд.

Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ беш аз 210 ҳазор нафар аҳолӣ дошта, минтақаи муҳими аграрӣ ба шумор меравад. Кишоварзони ноҳия ҳамасола бо истифодаи оқилонаи обу замин ҳосили баланду дилхоҳ рӯёнида, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва содирот намудани он ба хориҷи мамлакат нақши муҳим доранд.

Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар ободиву пешрафти ноҳия саҳми назаррас гузоштаанд. Соли 2022 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ ифтитоҳ гардид. Пораи хок аз оромгоҳи асосии шоир аз шаҳри Қунияи Туркия оварда, тибқи муқаррароти дини ислом ба оромгоҳи шоир гузошта шуд. Имрӯзҳо ихлосмандони ашъори пурғановати шоир имкон доранд мақбараи ӯро дар ин ноҳия дидан намоянд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди 340 биною иншооти соҳаҳои гуногун пешбинӣ гардид. Соли 2025 бунёди 43 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Ба ҷои 43 иншоот дар 11 моҳи соли 2025 64 иншоот ба истифода дода шуд, ки нақшаи солона 149 фоиз иҷро гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 19 муассисаи таълимӣ 129 синфхонаи иловагӣ бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон, сокинон ва сармояи хориҷӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021–2025» 4 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Обшорон, Ангурзор, Зарводӣ ва Ҳаёти Нав мавриди истифода қарор гирифт.

Сокинони ноҳия талош доранд, ки ҷашни муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ таҷлил намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2026 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд