Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Дар боғ теъдоди зиёди сокинону меҳмонони пойтахт ҷамъ омада, як гурӯҳ ба тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ машғул гардида, гурӯҳи дигар маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои дастрас харидорӣ мекарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Қисмати зиёди одамонро барномаи фарҳангии санъаткорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъ оварда, онҳо зери таронаҳои ҷаззоб рақсу шодӣ мекарданд. Фазои идонаи боғ сокинону меҳмонони пойтахтро хушҳолу болидарӯҳ гардонида буд. Онҳо аз баргузории чунин чорабиниҳои идона бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён менамуданд.
Ёдовар мешавем, ки 30 июни соли 1999 собиқ ноҳияи Хуҷанд бахшида ба 90 — солагии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ба номи аллома гузошта шуд. Маҳз ба хотири шиносоӣ бо осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров ва дидани зодгоҳи устод сайёҳон аз тамоми манотиқ ба ин ҷо сафар мекунанд.
Феълан дар шаҳраки Ғафуров Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо сарварии профессор Ҳабибулло Холҷӯраев фаъолияти пурсамар дорад. Дар осорхона осори илмиву публитсистии устод Б. Ғафуров, дафтари корӣ, либоси расмӣ ва ашёи рӯзгор, ки ба академик тааллуқ доранд, гирдоварӣ ва ҳифз мешаванд. Дар осорхона ҷамъомадҳои ҷашнӣ, намоиши китоб, вохӯрӣ бо олимон, шоиру нависандагон, арбобони илму фарҳанг доир мешаванд.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавонистааст, ки диққати сайёҳонро бештар ба дастовардҳояш ҷалб созад. Дар ин ҷо маконҳои таърихӣ, ба монанди Муассисаи давлатии қасри маданияти «Арбоб», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, Боғи миллии «Ваҳдат» дар Ҷамоати деҳоти Исмоил, Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар шаҳраки Ғафуров, зиёратгоҳи «Хоҷабоқирғон» дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ва маҷмаи фарҳангӣ — фароғатӣ дар шаҳраки Ғафуров мавҷуд мебошанд, ки барои қабули меҳмонон пурра омодаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»

































Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд






