Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор шуд. Дар ин рӯз оид ба дастоварҳои шаҳр дар 35 соли соҳибистиқлолӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин рӯз намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, инчунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолии маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Нахуст меҳмонон ва иштирокдорон аз гӯшаҳои намоишгоҳ боздид намуда, бо дастовардҳои иқтисодиву фарҳангии шаҳри Исфара аз наздик шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имкониятҳои иқтисодӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорон манзури меҳмонон гардида, бо суруду таронаҳои дилнишин, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 6 июни соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегардад.
АКС: Тоҳирҷон САИДЗОДА/АМИТ «Ховар»


















Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд






