Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд

Июнь 20, 2026 21:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Панҷакент аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.

Ҳунармандон ва аҳли фарҳанги шаҳр бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ, саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ фазои идона ва хотирмонро фароҳам оварданд.

Дар барнома осори гаронбаҳои бузургони адабу фарҳанги тоҷик муаррифӣ гардида, арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои неки мардумӣ васф шуданд. Иштирокдорон аз барномаи фарҳангии омоданамуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳунари аҳли фарҳанги шаҳри Панҷакент баҳои баланд доданд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Панҷакент солҳои соҳибистиқлолӣ  ба шарофати сиёсати ободкорию созандагии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон босуръат тараққӣ кард, зиндагии хубу шоистаи сокинони хушбахту сарбаландаш таъмин гардид.

Имрӯз Панҷакент ба яке аз марказҳои калонтарини саноатӣ, иқтисодӣ ва сайёҳии Тоҷикистон  табдил ёфтааст. Бунёди коргоҳи истихроҷи тиллои «Зарафшон», нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», навсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент, пайваст шудани шабакаҳои барқии Панҷакент ба хатти баландшиддати ЛЭП – 500-и Ҷануб – Шимол, шинондани таҷҳизоти гаронарзиши тақсиму танзими барқ дар шабакаи мазкур,  бунёди кӯчаю роҳҳои обод, муассисаҳои сершумори таъиноти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, майдонҳо, гулгаштҳои зебою фараҳбахш аз ҷумлаи корҳои муҳиму бузурги иҷрошуда мебошанд.

Дар шаҳру деҳоти Панҷакент  ба  муносибати  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ   давоми  солҳои 2022 – 2026 ҳар сол 196, дар умум 1000 иншоот бунёд меёбад.

Дар нақшаи чорабиниҳо сохтмони иншооти таъиноти гуногун, аз қабили муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, китобхонаҳо, қасри фарҳангу боғҳои фароғатӣ, гулгаштҳо, беморхонаву муассисаҳои табобатӣ,  марказҳои савдову хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзиш, майдончаҳои бозии кӯдакон, меҳмонхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, бунёди роҳу пулҳо, боғҳои интенсивӣ ва ғайраҳо пешбинӣ гардидаанд. Аллакай, аз номгӯи иншооти ҷашнӣ то ба имрӯз  як қатор иншоотҳо мавриди истифода қарор дода шуд.

АКС: Тоҳирҷон САИДЗОДА/АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2026 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд