Дар Душанбе вохӯрии якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид

Июнь 22, 2026 14:39

ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 19 ва 20 июн дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода ва Ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон Мамасадик Бакиров бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷаласаи якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки тӯли солҳои охир робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров марҳилаи нави рушдро касб намуда, дар натиҷаи тадбирҳои муштарак гардиши савдои ду давлат дар соли 2025 ва 2026 афзоиш ёфт.

Ҷонибҳо иброз намуданд, ки таъсиси Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун механизми нави ҳамкории мустақими доираҳои соҳибкорӣ ба густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои афзоиш додани ҳаҷми савдо самарабахш мусоидат хоҳад намуд.

Дар доираи вохӯрӣ Протоколи ҷаласаи якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расида, байни намояндагони  соҳибкории ҳарду ҷониб, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон роҳбарони зиёда аз 10 ширкат ҳузур доштанд, вохӯриҳои судманди B2B баргузор гардиданд.

Инчунин зимни боздид меҳмонон бо иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои содиротии корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулистони Душанбе», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авас Заъфарон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» шинос шуданд.

Ҳамчунин ҳайати тиҷоратии Ҷумҳурии Қирғизистон аз Намоишгоҳи байналмилалии «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN — 2026» дидан карданд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 22, 2026 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд