Дар Институти иқтисодиёт ва демография қабули Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳро иқдоми беназир дар ҷаҳон арзёбӣ намуданд

Июнь 26, 2026 10:34

ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти иқтисодиёт ва демография иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш муовини директор Дилшод Ҷалилзода иброз дошт, ки қабули ин қатънома дар вазъияти тезу тунде, ки имрӯз ҷаҳон қарор дорад, дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд, амри саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

«Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд. Мо бояд ба қадру манзалати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расем, барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо, ки амалӣ гардидани нияту орзуҳои неки ҳар як фарди ҷомеа аз он вобаста мебошад, боз ҳам бештар талош намоем»,-афзуд ӯ.

Дар ҳамоиш ходими пешбари илмии инситут Файзулло Холбобоев гуфт, ки «дар ҳақиқат, ваҳдати миллӣ барои мо танҳо як ҷашн нест. Ин кафолати ҳаёти орому осуда, рушди иқтисод ва ояндаи дурахшони фарзандони мост. Халқи тоҷик бо хиради худ тавонист аз имтиҳони сахти таърих гузарад ва иттиҳоди худро нигоҳ дорад».

«Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, мо – мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк кардем, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем. Бинобар ин, мардуми мо даҳшату фоҷеаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳаргиз фаромӯш намекунанд»,-тазаккур дод номбурда.

Иштирокдорони дигари ҳамоиш иброз доштанд, ки «мо вазифадорем, ин сулҳу суботи гаронбаҳоро чун гавҳари чашм ҳифз кунем ва барои пешрафти Тоҷикистони азиз якҷоя талош намоем. Муваффақияти мардуми мо маҳз дар ваҳдат, ҳамдилӣ ва кӯшишҳои якҷояи мову шумост. Бигзор сулҳу ваҳдат ва хонаободӣ ҳамеша пойдор бошад!».

АКС: Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 26, 2026 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад