Дар Прокуратураи генералӣ бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералӣ.
Дар ҷамъомад Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода иброз дошт, ки таърихи музокироти сулҳи тоҷикон нишон медиҳад, ки расидан ба сулҳ натиҷаи як амали тасодуфӣ набуд. Ин раванди бисёр мураккаб, пурмашаққат ва тӯлонӣ буд, ки иродаи сиёсӣ, сабру таҳаммул ва масъулияти баланди миллиро тақозо мекард. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳашт даври музокирот ва 24 вохӯрӣ аз апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 амалӣ гардид.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳ ва эҳёи Ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсину қадрдонианд. Гирди як миз ҷамъ овардани гурӯҳҳои мухолифин, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ далели равшани сиёсати оқилона, дурандешӣ, қатъият, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар мамлакат суботи амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин карда шуд.
Маҳз дар ҳамин фазои сулҳу субот мамлакат ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ оғоз намуд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Сулҳи ба дастомада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки тоҷикон буд.
Дар Тоҷикистон рӯзи 27 июн ҳамасола ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилии мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ин санади таърихӣ на танҳо ҷангро хотима бахшид, балки ба ҷомеаи тоҷикон умеди нав бахшида, роҳи рушди минбаъдаи давлатро муайян намуд.
«Имрӯз беш аз ҳафтод фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аксари онҳо дар фазои сулҳу субот ба воя расидаанд ва воқеаҳои солҳои ҷангро танҳо аз китобҳо ва нақли калонсолон медонанд. Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарини ҷомеа ба насли ҷавон расонидани ҳақиқати таърихӣ ва арзиши сулҳу ваҳдат мебошад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки сулҳу оромии имрӯза натиҷаи заҳматҳои бузург ва ҷоннисориҳои фарзандони ватандӯст мебошад. Ҳифзи ин дастоварди муқаддас вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст»,- таъкид гардид дар ҷамъомад.
Иброз гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, густариши фазои иттилоотӣ ва таҳдидҳои нав ба амнияти миллӣ маҳз ҷавонони худогоҳу ватандӯст метавонанд ҳимоятгари арзишҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ бошанд. Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим, ҳамкории минтақавӣ ва таъмини амнияти байналмилалӣ нақши фаъол мебозад. Ҳамаи ин дастовардҳо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд. Побарҷо гардидани Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаҳои сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ҳамзамон дар ҳамоиш доир ба обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027 – 2036» ибрози назар карда шуд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






