Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд

Июнь 26, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ашрафҷон Гулов зимни суханронӣ саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори давлатдории миллӣ, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва афзоиши мақому эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ махсусан таъкид намуд.

Бо мақсади пешбурди афкори ватандӯстӣ, ҳувиятсозӣ, худшиносӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии ниёгон, дар чорабинӣ намоиши либосу асбобҳои мусиқӣ, ҳунарҳои дастии мардумӣ ва хӯрокҳои гуногуни миллии тоҷикӣ пешкаш карда шуданд.

Бо инобати саҳмгузорӣ дар муаррифии шоистаи ҷумҳурӣ ва ташвиқи арзишҳои миллӣ дар хориҷа, ба якчанд тоҷикони муқими Аморот сипоснома аз номи роҳбарияти сафорат тақдим гардид.

Ба хотири болидаруҳӣ ва фароғати ҳамватанони бурунмарзӣ дар бахши фарҳангии ҷамъомад барномаи рангини консертӣ доир шуд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

Июнь 26, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид